Рустами Эмомалӣ роҳбари дастаи мунтахаби Тоҷикистон шуд
Душанбе, 22 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳбари асосии дастаи мунтахаби миллии ҷумҳурӣ гардид, ки он дар гурӯҳи «С» даври сеюми бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар минтақаи Осиё қувваозмоӣ менамояд.Мутахассиси варзида, мураббии дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Олимҷон Рафиқов иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол тайин шуд. Хотирнишон месозем, ки 19 август ФИФА маъзул (дискквалификатсия) намудани дастаи мунтахаби Сурияро барои иштироки минбаъда дар бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2014 тасдиқ намуд. Акнун ҷойи дастаи Сурияро дастаи мунтахаби Тоҷикистон ишғол менамояд. Кумитаи интизомии ФИФА бо қарори худ аз 17 август натиҷаи вохӯрии якуми дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистонро дар даври 2 – ум ( 23 июли соли 2011) лағв намуда, бинобар иштироки футболбози ҳуқуқнадоштаро дар ин бозӣ дастаи Сурияро бо ҳисоби 0:3 мағлуб донист.Аз рӯи бозии навбатии Тоҷикистон ва Сурия, ки 28 июли соли 2011 сурат гирифта буд, ҳамин хел қарор қабул шуд.Ба омодагӣ ва тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки баъди дар гурӯҳи «С» маъзул шудани дастаи Сурия ҷойи онро ишғол намуд, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ менамояд.Хотирнишон месозем, ки вохӯрии даври сеюми бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2014 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон 2 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода сурат мегирад. Ин вохӯрӣ соати 17.00 оғоз меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






