Сӯҳбати телефонии Э.Раҳмон бо И.Алиев
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сўҳбати телефонӣ баргузор шуд.Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў намуданд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни ду давлати дўст дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии ин санадҳо ва истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои фаровони ҳамкории мутақобилан судманд бояд ҷаҳд намоянд.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






