С. Лебедев: «Омодагии Тоҷикистон дар баргузории саммит хуб аст»
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 30 август, пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин гуфт:-«Зимни мулоқот бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мо масъалаҳои баргузории саммити сарони давлатҳои узви ИДМ – ро, ки рўзҳои 2 – юм ва 3 – юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намудем».Вай афзуд, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ тӯли як ҳафтаи охир бо мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ин саммит ҳамкорӣ дорад. Инчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ доир ба ин масъала тавсияҳои худро пешниҳод намудааст. «Мо бо ҷаноби Президент ба он назарем, ки ин саммит дар сатҳи олӣ баргузор хоҳад шуд. Зимни ин мулоқот мо 11 масъалаеро, ки зарурӣ ҳастанд ва он масоиле, ки дар рафти саммит бояд анҷом ёбанд мавриди муҳокима қарор додем», — тазаккур дод Сергей Лебедев .Ба мушоҳидаи С. Лебедев омодагии Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинии сиёсӣ дар сатҳи хело хуб аст. «Мавриди зикр аст, ки ин саммит дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон низ дар ин давом аз ҷиҳати иқтисоду савдо ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст»,- гуфт дар хотима Сергей Лебедев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






