Садама ҷони 5 нафарро рабуд

Август 2, 2011 14:26

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари ду садамаи нақлиётие, ки рӯзи 31 июли соли ҷорӣ дар шимоли кишвар ба вуқӯъ пайваст, 5 нафар ба ҳалокат расид.Тибқи иттилои ВКД ҷумҳурӣ ронандаи 25- солаи автомашинаи «Тайота -Сурф», истиқоматкунандаи ноҳияи Ғончӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, 3 нафар пиёдагардро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст. Дар натиҷаи ин садама мусофири мошини зикршуда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст. Инчунин, дар таърихи ҳамон рӯз дар ноҳияи Панҷакент садамаи марговари дигари нақлиётӣ рух дод. Ронандаи 27 солаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-5201» ҳангоми ҳаракат дар қаламрави ҷамоати Моғиён аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарии 146 метр афтод. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Август 2, 2011 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад