Сафари вазири кишоварзии Чин ба Тоҷикистон
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 21 август вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чанфу ва котиби кумитаи ҳизби коммунисти Ҷумҳурии мухтори Синҷону Уйғури Чин Чжан Чунсян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмонон бо иштироки вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони «Тоҷик ООО Хайли»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз наздик ошно гардиданд.Бояд гуфт, ки хоҷагии «Тоҷик ООО Хайли» дар майдони 40 га замин навъҳои шолии 371, 11 ва 27 кишт намудааст, ки он дар муддати 103 рўз пухта расида, меъёри кишт 150кг дар як гектар ва ҳосили интизорӣ 70-80 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад.Барои дар оянда васеъ намудани майдони кишти шолӣ меҳмонони чинӣ ваъда доданд, ки дар ҳамкорӣ тариқи таҷриба дар заминҳои шартан обӣ шолӣ кишт менамоянд.Ҳамзамон зимни сафари корӣ меҳмонон аз қитъаҳои таҷрибавии кишти пахта дидан намуда, аз рафти нашъу нумӯи пахта изҳори қаноатмандӣ намуда, маслиҳатҳои муфиди методӣ доданд. Дар оянда бо таъмини тухмиҳои хушсифат аз тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин васеъ намудани майдони пахта дар назар дошта шуд.Сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорадЁдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта дар чаҳорчӯби ҷаласаи мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай аввалин вохӯрии вазирони кишоварзии мамлакатҳои аъзои ШОС дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардида буд, ки дар кори он вазири кишоварзии ҷумҳурии мо низ ширкат дошт. Рўзҳои наздик Ёддошти тафоҳум дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо мерасад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






