Сафири Белорус ба Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи эътимоднома супорид

Август 10, 2011 13:07

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 9 августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук Олга Анатолевна нусхаи эътимоднома қабул намуд.Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти ҷонибҳо доир гардид, ки зимни он Вазири корҳои хориҷӣ Сафири Белорусро ба муносибати таъин шудан ба ин мақом табрик намуда, дар фаъолияти ӯ ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус муваффақиятҳо таманно кард.Вазир аз густариши бисёрҷанбаи равобити дуҷониба истиқбол намуда, сатҳи онро баланд арзёбӣ кард. Ӯ татбиқи барномаҳои мутақобилан муфидро муҳим дониста, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни ду кишварро таъкид намуд.Тарафҳо имкониятҳои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг бо роҳҳои таъсис додани корхонаҳои муштарак, филиалҳои макотиби олии техникии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар давлатҳои якдигар қайд намуданд.

Август 10, 2011 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд