Санҷиш дар 943 субъекти хоҷагидорӣ

Август 9, 2011 11:39

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли равон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯйи фаъолияти 943 субъекти хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронид.Назорату санҷишҳои давлатӣ дар маҷмӯъ 356 корхонаву муассисаҳои давлатӣ, 308 ташкилоти хусусӣ ва 279 субъекти хоҷагидории соҳаро фаро гирифт.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши робитаҳои байналмилалии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, аз натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта дар ҷумҳурӣ 4 232 қонуншиканӣ ошкор гардид, ки аз ин 3 754 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 145 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 333 ҳолат ба масъалаи нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иртибот доранд.Дар натиҷаи ҳамаи санҷишҳо 16 ҳолати таъмин нагардидани кафолатҳои давлатӣ ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба расидани зарар аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ошкор гардид.Пас аз дахолат маблағҳои пардохтнашуда, ки 555, 2 ҳазор сомониро ташкил медоданд, аз ҷониби корфармоён пардохта шуданд.

Август 9, 2011 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад