Санади озодӣ
Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» 19 августи соли 2011 дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, баррасӣ ва қабул гардид.Шерхон Салимзода Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро шарҳу тавзеҳ дода гуфт, ки санади афв асосан ҷиҳати ба амал омадани тағйироти ҷиддӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инчунин ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Тибқи лоиҳаи Қонун шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат (саратон), сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемикии дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.Ба ғайр аз ин маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳо вобаста ба фаъолияти экстремистӣ ба ҷазои то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамин гуна шахсоне, ки ба мӯҳлати зиёда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣӣ маҳкум шудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.Ҳамзамон, иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони онҳо, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд.Инчунин, ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтуков қарор доштани онҳо боздошта шудаанд, ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона бе даъват кардани онҳо ба мақомоти тафтишотӣ ва суд қатъ карда мешаванд. Мувофиқи лоиҳаи Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мӯҳлати ҷазо, намуд ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содирнамудаи онҳо, ба истиснои шахсони ба ҷазои якумрӣ маҳрум сохтан аз озодӣӣ маҳкумшуда татбиқ карда мешавад.Амали Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва тасарруфи воситаҳои кӯмакҳои хориҷиро содир намудаанд, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






