Сарфарозгардии Э.Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри 21

Август 25, 2011 17:29

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри 21 тақдим карда шуд.Маросими эълони сарфарозгардии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри 21 дар  Қасри миллат баргузор гардид.
 
Нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри 21 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа тақдим карда шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин сарфарозиро нишонаи қадрдонии баланди ҷомеаи Аврупо аз заҳматҳои шаборўзии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони олии ҷомеаи Аврупо чанд рўз пеш аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар пойтахти Руминия — шаҳри Бухарест қабул шуда буд. Ин қарор бо иштироки аъзои корпуси академикӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо ба тасвиб расидааст.Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз рўи эътибораш дувумин Институти ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони олии ҷомеаи Аврупо барои таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, таъмини идоракунии шаффоф, дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, бароҳандозии барномаҳои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар сазовор дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 25, 2011 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад