Се бозии «Истиқлол» ба вақти дигар гузаронида шуд
Душанбе, 2 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки се бозии даври сеюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футболро бо иштироки дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ба вақти дигар гузаронид. Тавре сомонаи расмии Клуби футболи «Истиқлол» иттилоъ медиҳад, сабаби ба вақти дигар гузаронидани бозиҳои дастаи мазкур ба мусобиқоти хотимавии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё тайёрӣ дидани дастаи футболи «Истиқлол» аст. Мусобиқоти хотимавӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё аз 19 то 25 сентябр дар шаҳри Тайбэи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.Дастаи «Истиқлол» бозии аввали худро дар даври сеюми мусобиқоти мамлакат 17 август бо дастаи «Парвоз» мегузаронад. Баъди чор рӯз дастаи Олимҷон Рафиқов бо дастаи футболи «Хуҷанд» қувваозмоӣ менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






