Шаҳрвандони ноҳияи Файзобод ба хонаи Худо мераванд
Файзобод, 18 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Ду сол боз тибқи квотаи Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳрвандон ба хонаи худо сафар менамоянд. Тавре мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Исо Назиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли гузашта 54 нафар ҳоҷиён аз зиёрати хонаи Худо баргаштанд.То имрӯз 199 аризаи шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Тибқи квотаи тасдиқгардида имсол дар моҳи октябр боз 54 нафар ба зиёрати хонаи Худо хоҳанд рафт. Ҳамчунин то имрӯз 600 нафар сокинони ноҳияи Ваҳдат тариқи ариза хоҳиш намудаанд, ки онҳоро ба ҳаҷ фиристанд. Тибқи квота аз ин ноҳия 183 нафар ҳаҷ карданианд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






