Шеъри ӯро дӯш дар гаҳвора аз бар кардем…

Август 8, 2011 11:47

Душанбе, 8 август (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол гирифтани 100 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода силсилаи чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки як қисмати онҳо аллакай иҷро гардида, қисмати дигар дар давоми сол иҷро хоҳанд шуд. Аз ҷумла, моҳи октябр дар шаҳри Душанбе маросимҳои ҷашнӣ доир хоҳанд шуд. Тибқи нақша маҷлиси тантанавӣ, консерти идона бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, конфронси илмӣ, базми шеъру суруд низ доир мегардад. Ҳамчунин таъмиру таҷдиди хона – музеи устод М.Турсунзода дар шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанд ва дар деҳаи Қаротоғ бояд ба анҷом расад. Китобҳои «Мунтахаби ашъор» — и Мирзо Турсунзода (ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ), «Турсунзода дар ёдҳо», таҳия ва нашри рисолаи «Бозтоби анъана дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» дастраси хонандагон хоҳад гашт. Ғайр аз ин дар кулли манотиқи ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба 100 – солагии устоди назм идома дорад.

Август 8, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад