Ширкати ҳавопаймоии « Тоҷик Эйр» парки ҳавопаймоии худро ғанӣ месозад
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ояндаи наздик ба истифодабарии ҳавопаймоҳои истеҳсоли Русия «Сухой Суперджет-100» шурўъ менамояд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии мазкур хабар доданд, созишнома оид ба харидории 4 ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 аз ҷониби директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов ва президенти ҶСП «Гражданские самолёты Сухого» Владимир Присяжнюк дар шаҳри Москва дар доираи намоишгоҳи байналмилалии ҳавопаймоиву кайҳонии МАКС-2011 ба имзо расид.
Мутобиқи санади мазкур ҳавопаймоҳо ба лизинги молиявӣ гирифта шуда, нахустин ду ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 соли 2013 вориди Душанбе мешаванд. Ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet-100 (LR) дар хатсайрҳои ҳавоии то 4500 км. тӯлдошта истифода шуда, дорои 98 ҷои нишаст мебошанд. Ҳавопаймоҳои мазкур, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ самарaнок арзёбӣ мешаванд, минбаъд ҳавопаймоҳои «Ту-154»-ро иваз хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






