Шомгоҳон роҳи майдони марказӣ баста мешавад
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурӯъ аз 25 август то 5 сентябри соли 2011 шомгоҳон ҳаракати нақлиёт дар майдони марказии пойтахт- «Дӯстӣ» муваққатан манъ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Зиёратшо Хушов, муовини сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе иттилоъ дод.Сабаби муваққатан манъ кардани ҳаракати нақлиёт дар майдони марказии пойтахт омодагӣ ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар баргузории машқҳои омодагӣ ҷиҳати гузашти низомӣ (парад) мебошад.Зиёратшо Хушов зикр кард, ки нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз соати 18.00 то 22.00 имкон дорад тавассути кӯчаҳои ҳамшафати майдони «Дӯстӣ» , ба мисли кӯчаҳои Шероз, Айнӣ, Шевченко, Сомонӣ, Мирзо Турсунзода ҳаракат намояд.Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомӣ баргузор мегардад, ки дар он 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дигар ҷузъу томи сохторҳои қудратии кишвар ширкат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






