Шумораи ақди никоҳ дар Тоҷикистон зиёд шуд
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Шумораи ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 5,2 % зиёд шуда, 41 ҳазор ҷуфтро ташкил дод. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ бастани ақди никоҳ ба сурати умумӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1000 нафар аҳолӣ 10,8 фоиз рост меояд. Бақайдгирии никоҳҳо дар ин давра нисбат ба ба соли гузашта кам гардид. Дар вилояти Суғд бастани ақди никоҳ 3,6 % кам шуда, ҳамагӣ 10,3 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта шудааст.Дар ин давра бақайдгирии ақди никоҳ дар шаҳри Душанбе 2,6% (2,9 ҳазор оила), дар ВМКБ — 2,1% (1 ҳазор оила), дар вилояти Хатлон- 13,2% (17,2 ҳазор оила) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 3,5% (9,8 ҳазор оила) зиёд шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






