Созишномаи бахши муҳоҷират имзо шуд
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар»). – Созишномаи байни Муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» — и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Fast Control Group Co» — и Давлати Кувейт дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувейт ва шаҳрвандони Давлати Кувейт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.Тавре сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Орифов шарҳ дод, ин санад маҷмӯи масоили шаҳрвандони муваққатан кор пайдонамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Давлати Кувейт дар қаламрави давлатҳои зикршуда, ки мақоми муҳоҷири меҳнатиро доранд, фаро мегирад.Муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияташонро дар асоси шартномаи меҳнатии бо корфармо имзошуда давом медиҳанд. Дар ин шартнома масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, шароити меҳнат, пардохти маош ва ҳифзи меҳнат, ҳамчунин бимаи тиббӣ зикр дода мешавад.Шартномаи меҳнатии байни муҳоҷири меҳнатӣ ва корфармо маълумотро дар бораи мӯҳлати эътибори он, ҳаҷми маош, вақти корӣ ва корҳои иловагӣ, рухсатии меҳнатӣ, муоинаи тиббӣ, хӯрок ва ҷойи зист, хизматрасонии тиббӣ, баровардани қусури зарар дар мавриди аз даст додани саломатӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти меҳнатиро дар бар мегирад.Мувофиқи иттилои директори Ширкати «Fast Control Group Co» ҷаноби Фозил Ашканонӣ, ҷониби қабулкунанда, яъне корфармои Кувейт, ҳамаи хароҷоти муҳоҷири меҳнатиро аз таҳияи шиносномаҳои хориҷӣ, бимаи тиббӣ, пардохти хароҷоти роҳ аз маҳалли расид то ҷойи кор, маҳалли зист, хӯрок ва ғайра ба зиммаи худ мегирад.Дар хотима М.Орифов изҳори ақида намуд, ки татбиқи созишномаи мазкур имкон медиҳад, дар оянда фазои фаъолияти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувейт дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ васеъ карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






