Стратегияи рушди бахши бонкҳо барои солҳои 2010 – 2015
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи тадбирҳо ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди бахши бонкҳо барои солҳои 2010 – 2015» аз 10 июн то 12 августи соли 2011 байни аҳолии кишвар дар мавзӯи «Такмили саводи молиявии аҳолӣ» семинарҳои таълимӣ доир намуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, семинарҳо аз рӯи чунин мавзӯъҳо, монанди тарҳрезии буҷа, ҳисоби сармоя, шаклу намудҳои сармояи бонкӣ ва шартҳои гирифтани кредитҳои бонкӣ роҳандозӣ шуданд.Мувофиқи суханони манбаъ, чунин семинарҳо дар 9 ноҳияи вилояти Суғд, 6 ноҳияи водии Рашт ва 5 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.Дар назар аст, ки то охири соли 2015 байни ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар чунин семинарҳои таълимӣ доир карда шаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






