«Суман» ба Париж меравад

Август 30, 2011 11:34

Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду ширкати ҳунарҳои дастии Тоҷикистон – «Суман» ва «Ҳафт пайкар» ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии Ethical Fashion Show (намоишгоҳи ҳунарҳои зебо) ба Париж- пойтахти Фаронса мераванд. Дар намоишгоҳ ширкатҳои «Суман» ва «Ҳафт Пайкар» либосҳои миллии тоҷикон, гулдӯзиву зардузӣ ва дигар маҳсулоти миллии худро дар чаҳорчӯби яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои Аврупо, ки дар пойтахти Фаронса аз 1 то 4-уми сентябр баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд. Ин сафар дар чаҳорчӯби барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Дар Ethical Fashion Show, ки дар соли 2004 таъсис шудааст, ба тарроҳии замонавӣ дар доираи ахлоқу маънавиёт ва бо назардошти масъулияти иҷтимоӣ ва муҳитзистӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ethical Fashion Show – намоишгоҳи байнулмилалии мӯд ва лавозимоти либос барои тарроҳони касбиву аслии соҳа буда, дар он соҳибони лоиҳаҳои мӯд, расонаҳо ва мардуми оддӣ низ иштирок мекунанд. Ҳафт сол қабл дар нахустин EFS ҳамагӣ 20 тарроҳи мӯд иштирок карда буд. Дар соли 2010 ин намоишгоҳ мизбони тақрибан 100 тарроҳи мӯд аз саросари Аврупо буд.Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Париж имкони хубест то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш диҳанд ва бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд. Ин намоишгоҳи касбӣ дар қалби Аврупо доир мешавад ва дар он аз саросари ҷаҳон маҳсулоте, ки бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ва муҳитзистӣ истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Барои меҳмонони ин намоишгоҳ муҳим аст, ки таърихчаи офаридани ҳар як маҳсулотро бидонанд. Онҳо ҳамчунин ба чунин ҷанбаҳои маҳсулот, ба мисли назокату нафосат ва зебоии он ва имкони истеҳсоли он мувофиқ ба табъи харидори замонавӣ ва таҷрибадор аҳаммият хоҳанд дод.»Файзимоҳ Иброҳимова, мудири кулли корхонаи «Суман», умедвор аст, ки сафар ба Париж ба ӯ ва ба тавлидгарони дигари тоҷик имкон медиҳад, то аз тамоюлот, рангу усулҳои навин, матоъ ва либосвории саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат бархурдор гарданд.

Август 30, 2011 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад