Сурия метавонад боиси шикасти техникӣ гардад
Душанбе, 11 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тахмин меравад, ки натиҷаи бозиҳои даври дуюми интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2014 дар минтақаи Осиё байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия (1:2 ва 0:4) лағв гардида, дастаи Сурия муҷиби шикасти техникӣ гардад.Гап сари он аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Сурия футболбоз Жорж Мурод ба майдон баромад, ки қаблан дар дастаи мунтахаби миллии Шветсия бозӣ карда буд. Жорж Мурод соли 2005 дар вохӯриҳои рафиқона дар ҳайати дастаи мунтахаби Шветсия зидди Куриёи Ҷанубӣ ва Мексика иштирок намуда буд.Роҳбарияти Фифа дар мактубаш ба унвонии котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон ваъда дод, ки ин қазияро муфассал тафтиш менамояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






