Тӯҳфаҳо аз Beeline бахшида ба иди рамазон
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- ҶДММ «Таком», ки пешниҳодгари хизматрасонии алоқаи кандуӣ (мобилӣ) таҳти тамғаи савдоии Beeline дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, бахшида ба моҳи шарифи Рамазон барои муштариёни нақшаи таррофавии «Сифр» дар бораи оғозёбии иқдом эълон менамояд. Аз 8 то 31 августи соли 2011 муштариёне, ки тавозуни худро якбора ба 12 сомонӣ пур мекунанд, дар шабака ба ҷойи 150 дақиқаи пештара соҳиби имконияти 200 дақиқа сўҳбати бепул мегарданд. Муштариёни вилояти Суғд низ соҳиби бонус дар шакли 50 дақиқаи иловагӣ ба шарти пуркунии яккаратаи тавозун ба маблағи 7 сомонӣ мешаванд. «Бахшида ба иди шарифи Рамазон мо ба муштариёнамон 50 дақиқаи иловагиро барои муоширати дохилишабакавӣ тўҳфа мекунем. Дар айни замон чӣ қадаре ки маблағи тавозун зиёдтар бошад, мизоҷ ҳамон қадар дақиқаи зиёдро тўҳфа хоҳад гирифт. Чунин хусусияти муфиди таклифи нави Beeline ба муштариён имкон медиҳад, ки ба наздиконашон боз ҳам бисёртар занг зада, дар айни ҳол маблағро сарфа намоянд», — мегўяд директори тиҷорати ширкат Евгений Мониев. Маълумоти боз ҳам муфассалтарро дар бораи таррофаҳо ва хизматрасониҳои ширкат аз сомонаи расмии он www.beeline.tj дастрас намудан мумкин аст. Ҳангоми пур кардани тавозун барои ба таври кафолатнок гирифтани дақиқаҳои бепул ба он диққат додан лозим аст, ки миқдори минималии маблағгузаронии яккарата бояд на камтар аз 7 сомонӣ барои муштариёни нақшаи таррофавии «Сифр» дар вилояти Суғд ва 12 сомонӣ барои муштариёни ҳамин таррофа дар минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






