Тӯҳфа аз ширкати «Тетис Петролиум»
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Тетис Петролиум Лимитед» ширкати байналмилалии истихроҷи нафту газ мебошад, ки аз соли 2007 инҷониб дар ҷануби Тоҷикистон фаъолият намуда, ба рушди соҳаи нафту гази кишвар саҳм мегузорад ва аксарияти кормандонаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. «Тетис Петролиум» эълом доштааст, ки бо сарпарастии ширкат барои минтақаи Қурғонтеппа як адад мошини ёрии таъҷилии дорои таҷҳизоти ҳозиразамон харид шудааст.Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби ду бунёди хайрияи бритониёӣ, «Go Help» ва «Roof of the World», аз ҳисоби маблағҳои «Тетис Петролиум» пешниҳод шуда, дар айни замон тавассути Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон оварда мешавад. Интизор меравад, ки он моҳи сентябри соли равон ба ҷумҳурӣ ворид гардида ва ба ихтиёри яке аз беморхонаҳои маҳаллӣ гузошта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






