Тақсимоти замини Зиракӣ
Кӯлоб, 6 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Дар даври навбатии қуръапартоӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб баъди омӯзиши аризаҳо ва вазъи иҷтимоии оилаҳои сертаркиб 100 нафар сокинон соҳиби қарори бунёди манзили зист гардиданд. Маврид ба ёдоварист, ки фақат дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони хонаҳои истиқомати 627 гектар замин ҷудо гардидааст.То имрӯз 618 хонаи истиқоматӣ аз ҷониби вазорату идора ва корхонаю ташкилот барои сокинони аз офати табиӣ зарардида сохта шуда, инчунин тариқи қуръапартоӣ 613 оилаи дигар бо қитъаи замин таъмин гардидаанд. Ҳокимияти маҳаллӣ мақсад дорад баъди тасдиқи нақшаи бунёди маҳаллаҳои нав барои сокинони дигаре, ки ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, замин ҷудо намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






