Таҷдиди низоми обтаъминкунии ноҳияи Нуробод
Душанбе, 10 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод татбиқи лоиҳаи таҷдиди низоми обтаъминкунӣ оғоз ёфт.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Татбиқи лоиҳа, ки арзиши умумиаш беш аз 235 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, як солро дар бар мегирад. Дар ҷараёни роҳандозии лоиҳа сохтмони иншооти асосӣ, поккории маҷрои канали обрасонӣ, таҷдиди марказҳои обкаши № 1 ва № 2 ва эъмори маркази нави обрасонӣ пешбинӣ шудааст.«Рӯи кор овардани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки дар ноҳияи Нуробод 430,9 гектар замин обёрӣ ва аз худ намуда, дар натиҷаи кишти зироати гуногун дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ хеле баланд бардошта, мардум бо кор таъмин шавад», — зикр намуданд дар вазорат.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






