Таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи тоҷик»

Август 2, 2011 10:31

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, ахиран лоиҳа «Дар бораи таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» таҳия ва барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Лоиҳа пас аз омӯзиши тӯлонии таҷдиди сохтори ширкат аз тарафи мутахассисони вазорату сохторҳои марбута таҳия гардидааст, ки он се сохтори аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустақилро дар бар мегирад.Акнун аз ҷумлаи се ширкати нав яке ба истеҳсол, дуюмӣ ба интиқол ва сеюмӣ ба фурӯши барқ машғул хоҳад гашт.Ба гуфти масъулини ШСХК «Барқи тоҷик» дар назар аст, ки таҷдиди сохтор то чор сол давом намуда, соли 2015 ба анҷом расад.Аз нуқтаи назари коршиноси иқтисодӣ Табаралӣ Ғаниев, сохтори нав метавонад аз нигоҳи менеҷментӣ дар кори якдигар монеа эҷод созад. Ҳамчунин, ба фикри чанд устоди факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қисмҳо ва ё сохторҳои алоҳида тақсим шудани ширкати мазкур боиси зиёд шудани мансабдорон мегардад.- Ҳар гуна хулосабарорӣ танҳо баъди таҷдиди сохтор ва фаъолияти ширкатҳои нав метавонад дуруст бошад, дар ҳоли ҳозир метавон даҳҳо қазияҳои дигарро пеш овард, вале ҳамаи онҳо метавонанд ботил бошанд,- мегӯяд энергетики хизматнишондода Муҳаммадӣ Аминҷонов.

Август 2, 2011 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад