Таҷлили солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Кемерево

Август 8, 2011 10:01

Душанбе, 8 август (АМИТ «Ховар», Мархабо Зунунова). – Рӯзҳои охири моҳи июли соли равон дар шаҳри Кемеревои Федератсияи Русия ба ифтихори 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Ин чорабиниро созмони ҷамъиятии минтақавии «Маркази миллии фарҳангии Тоҷикистон – «Ибни Сино» воқеъ дар шаҳри Кемерево бо ҳамкории намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо иштироки намояндагони гурӯҳи муҳоҷирон, мақомоти маҳаллии ҳокимият, аҳли ҷамъият ва васоити ахбори омма созмон дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.Тавре манбаъ хабар дод, корманди Хадамоти муҳоҷират Муҳаммадӣ Давлатов ва раиси Маркази «Ибни Сино» Абдуҳошим Файзуллоев дар клуби идона ороёфтаи «Дружба» — и шаҳри Кемерево ба ҳамватанон ва меҳмонони чорабинӣ аз хусуси барқароршавии давлатамон ва душворию комёбиҳои давраи истиқлолият, саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ба барқароршавӣ ва рушди давлатамон нақл намуданд.Баъди қисми тантанавӣ гурӯҳи мутрибон аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи муҳоҷирон консерти идона барпо намуд, ки барномаи он иборат аз асарҳои классикӣ ва сурудҳои дилнавози эстрадаи имрӯзаи тоҷик буд. Дар хотима барои меҳмонон дастархони таъоми тоҷикона густурда шуд.

Август 8, 2011 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард