Табобату тавонбахшӣ ба кўдакони маъюб
Душанбе, 30 август. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). – Ҳоло дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 1 522 нафар бошандагон зиндагӣ мекунанд, ки дар қиёс бо соли гузашта 17 нафар зиёданд. Аз ин шумора 902 нафар мардон ва 620 нафар занҳо мебошанд. Аз ҷумла, 180 нафар маъюбони гурўҳи якум, 559 нафар маъюбони гурўҳи дуюм, 127 нафар маъюбони гурўҳи сеюм (асосан хонандагони Литсей-интернат), 558 нафар маъюбон аз кўдакӣ, 163 нафар маъюбони бистарӣ ва боқӣ нафақахўрон мебошанд. Инчунин дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони “Чорбоғ” ба 20 нафар кўдакони маъюб дар як баст ба мўҳлати 21 рўз табобату тавонбахшӣ расонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва истироҳатгоҳҳо омодагӣ ба ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷараён дорад.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






