Тадбирҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тадбирҳои амниятӣ дар остона ва рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт пурзӯр гардонида мешаванд. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир ба ин масъала ба масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати андешидани чораю тадбирҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиёни чорабиниҳои ҷашнӣ дастурҳои қатъӣ дод. Ҳамзамон, шаҳрдори Душанбе аз масъулини назорати давлатии беҳдоштию экологӣ ва дигар субъектҳои хизматрасон тақозо намуд, ки корҳои санитарию профилактикиро дар рӯзҳои ид дар шаҳр пурзӯр намоянд. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт маҷмӯи чорабиниҳои муҳими идона гузаронида мешавад, ки гузашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ», аз ҷумлаи онҳост.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






