Тайёрии «Истиқлол» ба дарёфти Ҷоми президенти КФО

Август 15, 2011 16:31

Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври сеюм идома ёбад ҳам, вале қаҳрамони мамлакат дастаи «Истиқлол» тасмим гирифтааст, ки бештар ба омодагӣ ба даври хотимавии Ҷоми президенти Конфедератсияи Футболи Осиё машғул шавад. Барои ҳамин ҳам бозиҳо таносубан бо дастаҳои «Шодмон», «Энергетик» ва «Регар» ба мӯҳлатҳои дертар гузаронида шудаанд. Дастаи футболи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб, ки дар давоми ду даври мусобиқот пешсафи ҷадвали бозиҳо буд, дар вохӯрӣ бо дастаи «Регар» бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Тӯбҳоро ба дарвозаи «Равшан» Нӯъмон Ҳакимов ва Ҷамшед Исмоилов заданд.Ҳоло дастаи «Регар» аз дастаи «Равшан» як хол зиёдтар дошта, пешсафи мусобиқа мебошад. «Истиқлол» дар ҷои сеюм қарор дорад, вале назар ба дастаҳои «Регар» ва «Равшан» чор бозӣ камтар кардааст.Дастаи Олимҷон Рафиқов бозиҳои навбатиашро дар вилояти Суғд мегузаронад. Ин даста бояд 17 август бо «Парвоз» ва баъди се рӯз бо «Хуҷанд» қувваозмоӣ намояд.

Август 15, 2011 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад