Таъминоти об ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон

Август 12, 2011 12:43

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо мақсади пешниҳоди дастгирии молӣ ва техникӣ баҳри амалигардонии лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» ба имзорасии Меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод ва ташкилоти Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Меморандум аз ҷониби Раиси ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Зокиров ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари ташкилоти Оксфам дар ҶТ Мадина Алибердиева ба имзо мерасад.Зимни баимзорасии Меморандум, ҳамчунин расман мавриди истифода қарор гирифтани Шабакаи ташкилотҳо оид ба устувории таъминоти об ва беҳдоштӣ дар ноҳияи Мӯъминобод ба нақша гирифта шудааст. Фаъолияти Шабака дар сатҳи маҳал дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамкориҳоро бо истифода аз иваз намудани таҷриба ва иттилоъ бо мақомоти ҳукумати маҳал ва ҷонибҳои дигари таваҷҷӯҳдошта дар зерсохтори оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ, идоракунии системаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар сатҳи маҳал дар бар мегирад.Лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» аз моҳи ноябри соли 2009 бо маблағгузории раёсати Швейтсария оид ба Рушд ва ҳамкорӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он аз ҷониби ташкилоти Оксфам амалӣ мегардад. Лоиҳаи номбурда дар асоси Барномаи давлатии «Беҳтар намудани таъмини оби нўшокии аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2020» ва баҳри таъсиси шароити мусоид барои дастрасии аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт, ҳамчунин ташкили шароити беҳтари рушд ва амалисозии шабакаҳои устувори оби нўшокӣ ба роҳ монда шудааст.

Август 12, 2011 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд