Тарҳи технологии «Inter plan»

Август 15, 2011 16:42

Душанбе, 15 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт ба истифода додани заводи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ далели рушди саноат дар кишвар мебошад. Зеро баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ин завод 200 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шуда, вазъи иҷтимоияшон беҳтар мегардад. Сармоягузор ва фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Talco Management Ltd» буда, пудратчии асосиаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сомон Тоҷиксохтмон» аст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» -и Душанбе лоиҳакаши иншоот ва ширкати олмонии«Inter plan» лоиҳакаши қисми технологияш мебошад. Ҳаҷми маблағгузории завод беш аз 140 миллион сомонӣ буда, дар он таҷҳизоти истеҳсоли ширкатҳои Финландияю Италия – «MAILLEFER Extrusion» ва «SICTRA SRL» насб гардидааст. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, иқтидори истеҳсолии завод 10 000 тонна ноқили барқӣ дар як сол мебошад.

Август 15, 2011 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд