Тарбияи мутахассисони бахши ҷилавгирии хатарҳои молиявӣ
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 12 август дар шаҳри Душанбе Созишномаи байни Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ перомуни ҳамкорӣ ба мақсади бо ҳамкории Ассосиатсияи умумиҷаҳонии мутахассисони бахши ҷилавгирии хатарҳо пиёда намудани лоиҳаи дарёфти иҷозатномаҳо ҷиҳати ҷилавгирии хатарҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тавре дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи лоиҳа тадбирҳо ҷиҳати тарбияи мутахассисони миллии бахши ҷилавгирии хатарҳои молиявӣ пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи суханони манбаъ, тарбияи мутахассисони бахши ҷилавгирии хатарҳои молиявӣ аз ҷониби мушовирони Ширкати байналмилалии ГАРП сурат мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






