Ташрифи сафари ноиби президенти БРО ба Тоҷикистон

Август 11, 2011 15:33

Душанбе, 11 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 11 август, сафари дурӯзаи расмии ноиби президенти Бонки Рушди Осиё (БРО) Лакшми Венкатачалам ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад.Тавре дар намояндагии БРО дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Л.Венкатачалам ҳангоми боздидаш, ки он сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон аст, бо шахсони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи масъалаи кӯмаки БРО ба кишвар, аз ҷумла баррасии фаъолияти БРО бо иштироки бахши инфиродӣ мулоқот анҷом медиҳад. Мақсад аз барномаи кӯмаки БРО ба Тоҷикистон беҳдошти сохтор, рушди бахши инфиродӣ ва густариши равобити бештари минтақавӣ мебошад. БРО аз соли 1998 кӯмаки умумиро дар ҳаҷми беш аз 845 миллион доллари ИМА дар шакли қарзи имтиёзнок ва ёрии техникӣ ба кишвар маъқул ёфт.

Август 11, 2011 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд