Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Рашт
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ то ин муддат дар ноҳияи Рашт сохтмони 64 синфхонаи иловагӣ, бунёду барқарорсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва лавозимоти хониш, сохтмони варзишгоҳи марказӣ анҷом дода шуд. Ҳамчунин сохтмон ва таъмиру барқарорсозии зиёда аз 10 иншооти соҳаи тандурустӣ, ташкил намудани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дўзандагӣ ба анҷом расид. Айни замон “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2020” таҳия гардидааст, ки он дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тибқи барномаи мазкур дар солҳои 2012-2016 дар ҳудуди ноҳия сохтмони 73 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи умумии беш аз 105 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.Танҳо соли ҷорӣ барои сохтмони 64 синфхонаи иловагиву ду бинои мактаби нав аз буҷети давлатӣ беш аз 5,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Ҳамзамон бо ин, барои сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия давоми солҳои 2008-2011 беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо шуда, тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба маблағи 3,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлсозӣ ба анҷом расонида шуд. Дар қаламрави ноҳияи Рашт айни замон 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 60 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии ҳавзаҳои об, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон, рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва сохтмони нерўгоҳи хурди барқи обии «Сангикар» равона гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






