Татбиқи устувори Лоиҳаи рушди инфраструктураи коммуналӣ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз оғози татбиқи Лоиҳаи рушди сохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 –уми августи соли ҷорӣ барои таҷдиди низоми обтаъминкунӣ ва рушди хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Истаравшан, Данғара, Восеъ ва Рашт 15,8 млн. доллари ИМА азхуд шудааст, ки ин баробари 96,2 фоизи маблағи умумии лоиҳа мебошад.Бино ба иттилои директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар марҳилаи аввал ва дуввуми татбиқи лоиҳаи мазкур барои корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 41 адад техникаи махсус ва 790 дона қуттиҳои партовбарор харид ва ба корхонаҳои соҳа дода шуданд.Дар доираи амалисозии марҳилаи ваввуми лоиҳаи мазкур барои иҷрои корҳои эъмору таҷдиди иншооти коммуналӣ 2,5 млн. доллари ИМА пешбинӣ шуда буд, ки то моҳи августи соли 2011 наздик ба 2 миллиони он азхуд шуда, барои пурра аз худ кардани маблағҳои лоиҳа корҳо идома доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






