Таваҷҷӯҳ: Либосҳои мактабии арзон дар «Ёқут-2000»

Август 18, 2011 13:57

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева)- Имрӯз, 18 август бахшида ба 20-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноат дар мағозаи ҶММ «Ёқут — 2000» ярмарка — фурӯши либосҳои мактабӣ ифтитоҳ гардид , ки он то 1 сентябри соли ҷорӣ ҳамарӯза аз соати 8.00 то соати 16.00 идома мекунад.Дар ярмаркаи мазкур 5 корхонаи калонтарин бо пешниҳоди маҳсулот, аз ҷумла ҶММ «Ёқут-2000» ва ҶСП «Гулистон» бо маҳсулоти дӯзандагӣ, ҶММ «Кухандиз» ва ҶММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» бо пешниҳоди пойафзолҳои мардона, занона, кӯдакон ва ҶСШК «Нафиса» бо пешниҳоди маснуоти ҷуробу пайпоқҳои мардона, занона ва кӯдакона иштирок менамоянд.Аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маҳсулоти пешниҳодгардида дар ин ярмарка нисбат ба бозор 20-40% арзон аст.

Август 18, 2011 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш