Таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки 3 августи соли 2011 яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар – Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов Асадулло дар синни 57-солагӣ нобаҳангом аз олам чашм пўшид. Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 таваллуд ёфтааст. Ў бо хизмати содиқона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд. Марҳум Асадулло Ғуломов дар давоми фаъолияти меҳнатии худ барои пешрафти Ватани азиз кўшишу ғайрати зиёде ба харҷ додааст. Ў махсусан дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст. Асадулло Ғуломов на танҳо ташкилотчии моҳири истеҳсолоту мутахассиси олии соҳаи сохтмон буд, балки худро инчунин сиёсатмадор, устоди сахтгиру ғамхор ва рафиқи мушфиқ нишон додааст. Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» — дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст. Вале мукофоти олии Асадулло Ғуломов иззату эҳтироми бепоёни мардум мебошад. Хотираи неки Асадулло Ғуломов дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вафоти нобаҳангоми фарзанди содиқи миллат, шахсияти намоёни мамлакат Асадулло Ғуломов сахт андўҳгин буда, ба наздикону пайвандони ў сабри ҷамил металабад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Тоҷикистон Раҳмон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






