Теъдоди афвшудагон ба чанд ҳазор мерасад?
Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни афв, ки 19 август аз сӯи парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид, нисбат ба зиёда аз 15 ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, беш аз 4 ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбат ба дигар маҳкумшудагон мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад. Инчунин, 2 ҳазор нафар шахсоне, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда мешаванд.Ҳамзамон, 2 ҳазор нафар шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ дар пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, амали қонуни мазкур татбиқ мегардад.Шерхон Салимзода, Прокурори генералии ҷумҳурӣ гуфт, ки қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат менамояд. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал қонуни афв аз адои ҷазо озод намудани шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат (саратон) ва ишемикии дилро пешбинӣ менамояд. Прокурори генералии ҷумҳурӣ афзуд, ки алҳол дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 130 нафар шахсони мубталои ин бемориҳо адои ҷазо менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






