Телевизиони миллии Украина Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо дастгирӣ ва ҳидояти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо мақсади муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолтияти давлатӣ ҳайати эҷодии телевизиони миллии Украина ба Тоҷикистон сафари корӣ намуда, филми мустанадро ба навор мегирад. Дар доираи сафари худ гурӯҳи эҷодии телевизиони Украина бо сарварии журналисти маъруф, муаллифи барнома Надежда Базиф ба вилояти Суғд ташриф овард. Надежда Базиф ҳадафи аслии филмбардорӣ роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолиро шарҳ дода, гуфт, ки телевизиони миллии Украина роҷеъ ба тарзи ҳаёту зиндагии якчанд давлатҳои ҷаҳон филмҳои мустанад таҳия кардааст ва гурӯҳи эҷодӣ тасмим гирифт, ки тарзи ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва дастовардҳои Тоҷикистонро низ инъикос намояд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Суғд, бозори «Панҷшанбе» ва масҷиди Шайх Маслиҳаддин шинос шуда, аз мардуми оддӣ дар хусуси зисту зиндагонӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият пурсон шуданд ва ҷойҳои таърихии Хуҷандро ба навор гирифтанд. Ба ҳайати эҷодии телевизиони Украина «Кохи матбуот», ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифт, хеле писанд омад. Ҳайати эҷодии телевизиони Украина бо гузориши корҳо дар корхонаи муштараки «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонии маркази вилоят низ шинос шуд. Меҳмонон ҳамчунин ба чойхонаи Боғи миллии «Ваҳдат», Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, истироҳатгоҳҳои мавзеи соҳили Баҳри тоҷик шинос шуда, навор бардоштанд. Дар баробари ин, гурӯҳи эҷодӣ ба шаҳрҳои Истаравшану Панҷакент сафар карда, бо ходимони илмӣ, корхонаи муштараки «Оби зулол», шоҳроҳи Душанбе – Шаҳристон – Хуҷанд — Чаноқ шинос мешавад ва ҷараёни бунёди нақби Шаҳристонро ба навор мегирад. Бегоҳии рӯзи 15 август гурӯҳи эҷодии телевизиони миллии Украинаро раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят ба меҳмонон дар бораи дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот ва ба саволҳои намояндагони телевизиони миллии Украина посух дод.Умуман ҳайати эҷодии телевизиони миллии Украина бо нияти нек – инъикос намудани ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон ташриф овардааст ва умед аст, ки комёбиҳои 20-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба мардуми ҷумҳурии бародари Украина сазовор муаррифӣ мекунанд.








Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






