Тоҷикистон ба бандарҳои Покистон дастрасӣ меёбад

Август 19, 2011 15:36

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома қабул намуд.Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал пас аз мулоқот бо Президенти кишвар ба хабарнигорон иброз дошт, ки «Хеле хурсандам, ки имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супурдам. Ман аз мӯҳтарам Ҷаноби Президент хеле миннатдор ҳастам, ба хотири он, ки новобаста аз масраф будан вақти қиммати худро дареғ надоштанд». «Ҳарду кишвар — Тоҷикистон ва Покистон имрӯз муносибатҳои хеле олӣ доранд. Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон панҷ маротиба сафар намуданд. Ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Осиф Алии Зардорӣ рӯзи 1 сентябри соли равон бо сафари сеюми худ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард»,- тазаккур дод сафир.Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки «Аз ҷониби роҳбарияти кишвари худ ман муваззаф гардонида шудаам то риштаи ҳамкорӣ ва равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким бахшида ба мазмуни ҳамкориҳои тарафайн мӯҳтавои нав зам намоям». Рисолати асосии ман ҳангоми адои вазифаи худ боз ҳам бештар гардонидани тамосҳо миёни мардумони ҳарду кишвар, рушди тиҷорат ва туризм мебошад. Боиси таассуф аст, ки бинобар мавҷуд набудани роҳи мусоиди пайваст байни ҳарду кишвар ва мардумон мо натавонистем он ормону ташаббусҳоеро, ки дар дил доштем, пиёда намоем, -идома дод ӯ.«Пеш аз ҳама вазифаи муҳим ва аввалиндараҷа барқарор намудани равобити мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Покистон мебошад ва вазифаи дуюм ин бунёди роҳҳои мошингард миёни ду кишвар тавассути Ишкошими Тоҷикистон ва Чукрои Покистон ва сеюмин бунёд ва барқарор сохтани роҳҳои оҳан байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Покистон, ки ин шабакаи роҳи оҳан барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро он ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи марказӣ имконият медиҳад, ки ба баҳрҳои Халиҷ ва Араб тавассути бандарҳои Покистон дастрасӣ ёбанд ва инчунин барои Покистон имконоти бештар ва фарохтарро барои ёфтани ҷойи худ дар бозорҳои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ имкони мусоид фароҳам меорад».«Мо бесаброна мулоқоти навбатии Президентҳои ҳарду кишварро интизор ҳастем, ки ин муносибатҳои баланддараҷаи ин ду кишвар ба ҳамкориҳои тарафайн ангезаҳои нав мебахшанд. Мулоқоти чаҳоргонае, ки дар ибтидои сентябр бо иштироки сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад, ин худ шаҳодати он аст, ки ҳар чор давлат бояд ба масъалаҳои марбут ба минтақа ва умуман масъалаҳои минтақавӣ назари умумӣ дошта бошанд»,-таъкид намуд дар хотима Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал.

Август 19, 2011 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!