Тоҷикон ғолибони Озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон

Август 29, 2011 13:42

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 21-26 августи соли 2011 дар Ҷумҳурии Мисри Араб таҳти сарпарастии Вазорати авқоф ва Азҳари шариф озмуни 19-уми байналмилалии ҳофизони Қуръон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 довталаб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Русия ва Қазоқистон иштирок карданд.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин озмуни байналмилалӣ 2 нафар- Абдуллои Маҳмадуллои 21-сола ва Абдуллоҳ Раҳматови 13-сола муаррифӣ намуданд. Номзадҳои мазкур бомуваффақият қироат карда, ба ишғоли ҷойҳои мукофотии даҳгонаи аввал ноил шуданд.Абдуллои Маҳмадулло дар бахши асосии Озмун “ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид, тартил ва тафсир” ҷойи панҷумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 5000 доллари ИМА сазовор гардид. А.Раҳматов дар бахши дуюми Озмун «ҳифзи Қуръон комилан бо таҷвид ва тартил» ҷои ҳафтумро ишғол намуда, ба гирифтани шаҳодатнома ва ҷоиза ба маблағи 2200 доллари ИМА сазовор дониста шуд. Созмондиҳандагони озмун ба натиҷаи иштироки намояндагони тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, изҳори умед карданд, ки Тоҷикистон дар озмунҳои ояндаи ҳифзи Қуръон низ фаъолона иштирок хоҳад кард.

Август 29, 2011 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд