Тревор Мур мухлиси варзишгарони олимпии Тоҷикистон аст

Август 1, 2011 10:43

Душанбе, 1 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Мо дар Сафорат дастаи варзишгарони Британияю Тоҷикистонро тарафдорӣ мекунем», — зикр намуд дар ҷараёни мулоқот бо Дастаи олимпии Тоҷикистон Сафири Британияи Кабир дар ҶТ Тревор Мур.Дар мулоқот раиси Кумитаи оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, ҳамчунин гурӯҳи варзишгарони тоҷик, ки ба иштирок дар Олимпиапдаи қарибулвуқӯи соли 2012 дар Лондон тайёрӣ мебинанд, ширкат доштанд.Тавре дар Сафорати Британияи Кабир дар ҶТ ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд, маҷлиси қабул ба ифтихори оғози Олимпиадаи қарибулвуқӯъ дар Лондон созмон дода шуда буд. Гурзандоз Дилшод Назаров, ки аллакай ба мусобиқоти Лондон роҳхат ба даст овардааст, аз ҷумлаи меҳмонон буд. Тревор Мур ҳамчунин зикр намуд, ки Сафорати Британияи Кабир тайёр аст, бо гурӯҳи олимпиадачиёни тоҷик ва Кумитаи оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷараёни сафарашон ба шаҳри Лондон ҳамкорӣ намояд.

Август 1, 2011 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад