Вакилон ба вохӯрӣ мераванд
Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар остонаи таҷлили ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 август то 7 сентябри соли ҷорӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд.Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни сафар дар минтақҳо бо интихобкунандагони худ мулоқот намуда, дар бораи дастовардҳои Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 20 – умин солгарди Истиқлолияти кишвар сӯҳбат анҷом хоҳанд дод.Дар доираи ин сафар ҳамчунин масъалаҳои марбут ба вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа баррасӣ хоҳанд шуд. Тамоми мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар фазои озод ва шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон метавонанд роҷеъ ба мавзӯъҳои барояшон муҳим бо вакили худ вориди саволу ҷавоб ва баҳсу баррасиҳо шаванд. Аз сӯи дигар, ҳамаи интихобкунандагон бояд дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо бо вакилони худ фаъолона ширкат намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро ба намояндагони хеш дар парлумони мамлакат иброз намоянд, зеро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ин пешниҳодоти онҳо ба таври васеъ мавриди назар қарор мегиранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






