Варзишгарони тоҷик — дар Универсиадаи тобистонаи умумиҷаҳонӣ

Август 10, 2011 15:55

Душанбе, 10 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Универсиадаи тобистонаи умумиҷаҳонӣ, ки аз 12 то 23 август дар шаҳри Шенжени Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, бо ду варзишгар иштирок менамояд. Ҳар ду варзишгари тоҷик дар мусобиқот аз рӯи намуди варзиши сабук иштирок менамоянд. Фарҳод Қуралов дар мусобиқаи давиш ба масофаи 80 метр ва Надима Мирзоева дар мусобиқаи ниммарафон қувваозмой менамоянд.Дар ин мусобиқот ҷамъ беш аз 12 ҳазор нафар варзишгарони 150 мамлакат иштирок мекунанд. Бори аввал дар барномаи Универсиада 26 намуди варзиш зикр ёфтааст, ки дар онҳо варзишгарон барои дарёфти 306 мукофот маҳорати худро месанҷанд.

Август 10, 2011 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд