Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо муовинони Раиси Девони Вазирони Туркманистон

Август 5, 2011 12:02

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 4 август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Дерягелдӣ Оразов масъалаҳои дуҷониба оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва сохтмонро мавриди муҳокима қарор дод. Дар ин самт таваҷҷӯҳи зиёд ҷиҳати татбиқи босамари сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, пайваст намудани шабакаҳои энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир шуд. Нимаи дуюми рӯз вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо муовини Раиси Девони Вазирон Назаргулӣ Шогулиев сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, дар соҳаи алоқаи байналмилалии роҳи оҳан, кушодани хатсайри ҳавоӣ миёни ду кишвар ва дигар ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири масъалаҳои муштаракро муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ зимни вохӯри бо муовини Раиси Девони Вазирон Оразмурод Гурбанназаров масоили марбут ба муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар ва ҷиҳати тақвият дар ин самт, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, кушодани “Хонаи савдо” дар марказҳои ҳарду кишвар, инчунин хариди молу маҳсулотҳои истеъмолӣ тавассути биржаи давлатии молу ашёи Туркманистонро баррасӣ намуд.

Август 5, 2011 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад