Ярмарка дар «Кӯли ҷавонон»
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).-12-уми августи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Кўли ҷавонон»-и шаҳр бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҷӯён ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Дар ярмарка роҳбарони корхонаю муассисот ва дигар корфармоён иштирок намуда, барои корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод менамоянд.Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои азхуд намудани касбу ҳунар ба муассисаҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






