Юсуф Рабиев — бозингари беҳтарини даври дуюм
Душанбе, 8 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ба фикри мизоҷони сомонаи расмии клуби футболи «Истиқлол» Юсуф Рабиев бозингари беҳтарини клуби номбурда дар даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дониста шуд. Тавре сомонаи расмии клуби «Истиқлол» хабар медиҳад, Юсуф Рабиев аз иштирокдорони дигари пурсиш хеле пеш гузаштааст. Ба тарафдории роҳбари ин даста 27,2 фоизи мухлисони футбол (56 кас) овоз додаанд. Ҷойи дуввум насиби ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Даврон Эргашев (37 овоз, 18 фоиз) гардид. Ҷойи саввумро ҳуҷумкунанда Фарҳод Тоҳиров (33 овоз, 16 фоиз) ишғол намуд. Дар овоздиҳӣ, ки аз 15 июл то 5 август идома дошт, 206 кас иштирок намуд. Хотирнишон месозем, ки дар даври аввали мусобиқот нимҳимоятгар Нуриддин Давронов бо 58 овоз бозингари беҳтарини дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе дониста шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






