Занон то кадом андоза ба молу мулк дастрасӣ доранд?
Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Натиҷаи тадқиқоти иҷтимоӣ дар мавриди мушкилоти ҳуқуқи дастрасии занон ба молу мулк зимни баргузории як Форум дар Душанбе баррасӣ гардид. Тадқиқот дар доираи лоиҳаи «Татбиқи таҷриба: таъмини ҳуқуқи занон ҷиҳати дастрасӣ ба молу мулк дар асоси меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва ҳуқуқҳои шариатӣ» аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии «Миссия Восток», «Мунис» дар ҳамкорӣ бо маркази маърифати гендерӣ бо кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо ба анҷом расонида шуд. «Тадқиқот дар чор ҷамоати минтақаи Кӯлоб –Зарбдор, Даҳана, Зиракӣ, Кӯлоб ва ҷамоати Деҳқонобод-и ноҳияи Ҳисор гузаронида шуда, зимни пажӯҳиш бо 500 аъзои оила сӯҳбат гузаронида шуд,-гуфт менеҷери лоиҳа Муборак Акбарова. Мавсуф афзуд, ки лоиҳаи мазкур дар мавриди шинохти ҳукуқи занон мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи меъёрҳои шариат, нақши муассир мебозад.Дар Форум, ки намояндагони мақомоти давлатӣ-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин иштирок намуданд, доир ба паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти дастрасии занон ба молу мулк, ҳифзи манфиатҳои онҳо дар доираи қонунҳои ҷории кишвар ва меъёрҳои шариат ибрози назар карданд. Натиҷаи тадқиқоти иҷтимоӣ дар мавриди дастрасии занон ба моликият вазъи иҷтимоию ҳуқуқии занонро дар минтақаҳои кишвар рӯшан намудааст. Дар аксар маврид зимни пурсишҳои иҷтимоӣ занон гуфтаанд, ки манзил ва моликияти рӯзгор ба падару модари шавҳарашон тааллуқ дорад. Ин аст, ки ҳангоми ҷудоии оилаҳо занон бесарпаноҳ мемонанд. Яке аз сабабҳои аз молу мулк маҳрум гардидани занон дар мавриди гирифтани талоқ паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқию динии онҳо мебошад. Ин омил боз ба афзош ёфтани хушунати хонаводагӣ бурда мерасонад. Дар ин самт мебояд сатҳи маърифати занону духтаронро дар маҳалҳо баланд бардошт,- зикр карданд иштирокдорони Форум.Лоиҳаи мазкур тӯли 20 моҳ амалӣ гардонида шуда, дар оянда дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ татбиқ мешавад. Ба гуфти София Қосимова, коршиноси масоили иҷтимоӣ натиҷаи тадқиқоти мазкур дар шакли китобча нашр мегардад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






