Зуҳуров ҳайати чиноиро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 22 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Миллати тоҷик дар симои Чин ҳамсояи наздик ва муҳимтарин шарики иқтисодиву тиҷоратии худро дар минтақа мебинад»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо як ҳайати воломақом ва бонуфузи чиноӣ. Ҳайати мазкур таҳти сарварии аъзои доимии Кумитаи Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Чин Чжоу Юнкан ба Душанбе омадааст.Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат дар мулоқот афзуд, ки саъю талошҳои Сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаи назаррас дода, ҳамчунин ба раванди рушди соҳаҳои мухталиф, бахусус иқтисодӣ мусоидат менамоянд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, қабл аз баррасии масъалаҳои байнидавлатии ҳар ду кишвар ҳайати чиноиро бо таърихи парлумони Тоҷикистон шинос намуд. Сипас байни тарафҳо мулоқоти судманд ҷараён гирифт. Шукурҷон Зуҳуров Чинро аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, таъкид кард, ки имрӯзҳо байни Душанбе ва Пекин муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба манфиати халқу миллатҳои тоҷику чин мебошад.Мусоҳибон доир ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, бахусус авзои Афғонистон табодули назар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






