«Ғаюр» корхонаи семент месозад

Сентябрь 14, 2011 13:00

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Пагоҳ, 15 сентябр сохтмони корхонаи нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон оғоз мегардад. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» аз ҷониби корхонаи муштараки ширкати тоҷикистонии «Ғаюр»  ва ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» таъсис дода шуда, дар асоси қарордод ба маблағи умумии 100 миллион доллари амрикоӣ  сохтмони заводи истеҳсоли  сементро дар ноҳияи Ёвон ба нақша гирифтааст. Иқтидори истеҳсолии заводи мазкур дар як сол 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Завод бо истифода аз технологияи наву муосир  бунёд гардида, ба талаботи  экологии минтақа ҷавобгӯй мебошад.ҶДММ «Ғаюр» ширкати сохтмонӣ ва истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ буда, соли 2006 таъсис ёфтааст ва дорои се коргоҳи истеҳсолӣ буда, дар онҳо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, хишт ва оҳак истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии ҷамъият дар як моҳ 2500 тонна семент, 280 ҳазор дона хишти пухта ва 300 тонна оҳакро ташкил медиҳад.Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент»  ширкати сармоягузори чиноӣ буда, заводҳои калони сементбарориро сармоягузорӣ менамояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши семент яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Заводи сементи   «Хуаксин Ғаюр Семент», ки аз тарафи ин ширкат дар ноҳияи Ёвон сохта мешавад,  мутобиқ ба лоиҳаҳои заводҳои сементи дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  мавҷуд буда мебошад.

Сентябрь 14, 2011 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд