Қадршиносии кишоварзон бо мукофотҳои давлатӣ

Сентябрь 7, 2011 15:48

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат доир гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ сардори шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пириев, Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Аҳмадов, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ иштирок намуда сухан гуфтанд. Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов перомуни таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гуфт, ки 20 сол муқаддам миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузург — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне пайвастани оини давлатдории навини худ бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамонро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ мукофотҳои давлатӣ супорид. Аз ҷумла, ба сарчӯпони хоҷагии зотпарварии “Тебалай”-и ноҳияи Мӯъминобод Тағайбой Пилолов ва мудири кафедраи механикӣ ва ҷузъиёти мошинҳои кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сироҷиддин Тиллоев «Ордени Шараф- дараҷаи 1», ҳамзамон ба 7 нафар медали “Хизмати шоиста”, ба 6 нафар медали “Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба 2 нафар “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Сентябрь 7, 2011 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд